Ссылки доступа

Дар Душанбе ҳама шахсони аз 18-сола болоро ваксина мезананд


Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамаи шахсони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе бар зидди коронавирус эм карда мешаванд. Мақомот ҳадаф аз ваксиназаниро "пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии коронавирус", гуфтанд.

Бар асоси эълони Вазорати тандурустӣ, ки рӯзи 25-уми июн нашр шуд, ҳама афроди аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе барои гирифтани ваксина бояд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон муроҷиат кунанд.

Тасмим барои ваксиназании сокинони пойтахт дар ҳоле гирифта шуд, ки рӯзи 23-юми июн раиси шаҳри Душанбе дастур дод, ки чораҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ рӯи даст гирифта шавад.

Рӯзи гузашта дар бархе аз масҷидҳои шаҳри Душанбе аз сокинон даъват шуд, ки ваксина бигиранд. Аз ҷумла имом-хатиби Масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансур қабл аз намози пешин аз намозгузорон, ба вижа афроди синашон аз 60 сола боло хоҳиш кард, ки номнавис кунанд, чун табибон ба масҷид омада, онҳоро эм мекунанд. Ин рӯҳонӣ ҳамзамон афзуд, ки пас аз ваксиназанӣ ба афроди эмшуда санад бо се забон -- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дода мешавад, ки дар сафар ба хориҷ аз кишвар ба онҳо кӯмак мекунад.

Тоҷикистон то кунун ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаҳои "Астразенека" ва "КоронаВак" гирифтааст. Вале мақомот аз бетаваҷҷуҳии сокинон ба гирифтани ваксина нигаронӣ кардаанд. Тибқи иттилои мақомот, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 90 ҳазор нафар зидди коронавирус эм шудаанд.

Мақомот дар шароите ба ваксиназании умумии сокинони Душанбе оғоз мекунанд, ки бемории КОВИД-19 дар кишвар дигарбора хуруҷ кардааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон баъд аз 10-уми январи имсол ҳамвора аз сабт нашудани ҳолатҳои гирифторӣ ба КОВИД-19 хабар медод.

Аммо дар пасманзари хабарҳо аз гирифтории даҳҳо нафар дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба КОВИД-19, мақомот рӯзи 21-уми июн хабар доданд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, дар чаҳор рузи ахир 63 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози беморӣ дар кишвар дар умум 13371 нафар ба КОВИД-19 сироят ёфтааст ва 90 нафар фавтидааст. Коршиносони мустақил ба омори Вазорати тандурустӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб бештар аст.

XS
SM
MD
LG