Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ба хонаводаҳои табибони ҳалокшуда аз коронавирус ҷуброн надодаанд (видео)


Заразившиеся COVID-19 медики и умершие от этой болезни не могут получить обещанные выплаты
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:04 0:00

Заразившиеся COVID-19 медики и умершие от этой болезни не могут получить обещанные выплаты

Табибони Қирғизистон шикоят доранд, ки ҳукумати он кишвар бо гузашти тақрибан як сол аз мавҷи аввали коронавирус ҳанӯз ба онҳо ё ба хонаводаҳои кормандоне, ки бар асари вирус ҷон доданд, ҷуброн пардохт накардаанд.

Ҳамшира Жиргалбубу Оталиеваи 48-сола, дар мавҷи якуми коронавирус дар яке аз марказҳои тиббии шаҳри Бишкек ба коронавирус мубтало шуд. Ба гуфтаи писари Оталиева, модари ӯ бо лавозимоти муҳофизатӣ таъмин набуд ва баъди 24 рӯзи мубталошавияш ба коронавирус ҷон дод.

"Ба мо ҳамеша мегуфтанд, ки ҳуҷҷатҳо дар баррасӣ ҳастанд. Онҳо то ҳол пардохти ҷубронро ба таъхир мегузоранд ва мо ҳам то кунун талош дорему наметавонем ҷуброни ваъдагиро дарёфт кунем", - мегӯяд Дайирбек Омуралиев, писари Оталиева.

Марифат Содиқова, ҳамшираест, ки моҳи апрели соли гузашта ба коронавирус мубтало шудааст. Ӯ низ мегӯяд, то ҳол ҷубронеро, ки ҳукумат барои табибон ваъда додааст, наметавонад дарёфт кунад.

Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон ҳанӯз дар моҳи март хабар дода буд, ки аз аввали пандемия ба 1,5 ҳазор табиб 200-ҳазорсомӣ (беш аз $2300) ҷуброн пардохт кардааст. Вале масъулони вазорат намегӯянд, ҳоло чи қадар табиб мунтазири дарёфти ҷуброн ҳаст.

XS
SM
MD
LG