Ссылки доступа

Дар Туркия кандани наҳр байни баҳри Сиёҳ ва Мармар шуруъ шуд


Дар Туркия рӯзи шанбеи 26 июн кандани наҳр ё канали киштигузар байни баҳри Сиёҳ ва Мармар шуруъ шуд. Ин калонтарин тарҳи зерсохторӣ дар таърихи Туркия аст.

Дар маросими шуруи кандани наҳр президенти он кишвар Раҷаб Эрдуғон ширкат кард.

Анҷоми кандани наҳр, ки номи "Истамбул"-ро гирифта, шабеҳи гузаргоҳи Босфор хоҳад шуд, соли 2028 пешбинӣ шудааст. Арзиши тарҳи мазкур наздик ба 15 миллиард доллар мерасад.

Раҷаб Эрдуғон аз солҳо пеш ҳаводори кандани ин наҳр буд. Вай дар маросими шуруи сохтмони наҳр гуфт, наҳри мазкур зиндагии сокинони бузургтарин шаҳри Туркия - Истамбулро сабуктар месозад. Наҳри нав равуои киштиҳоро тариқи Босфор коҳиш медиҳад, ки дар солҳои охир дар ҳоли афзоиш аст.

Дар ҳамин ҳол, бештар сокинони Истамбул дар як назарпурсӣ зидди сохтмони наҳри нав овоз додаанд.

Дарозии наҳри нав 45 километрро ташкил дода, паҳноияш ба бештар аз 240 метр мерасад. Аз рӯи наҳр 6 пули мошингурзар сохта мешавад. Сохтмони яке аз пулҳо ҳамчунин рӯзи шанбе шуруъ шуд.

Масъалаи дигари мавриди баҳс атрофи наҳри нав ба ҳуқуқи байналхалқӣ марбут аст. Наҳри нави Истамбул ба конвенсияи Монтрё шомил намешавад. Он конвесияи убури киштиҳои ғайритиҷориро тавассути гузаргоҳи Босфор дар баҳри Сиёҳ танзим мекунад.

XS
SM
MD
LG