Ссылки доступа

Фаъоли мадании қазоқ баъди бад шудани вазъи саломатияш гуруснанишиниро қатъ кард


Вазъи Маруа Ескендирова, фаъоли мадании қазоқ, ки 23 июн ҳамроҳ бо ду ҷонибдори худ бо талаби қатъи таъқибҳои сиёсӣ гуруснанишинӣ эълом карда буд, бад шудааст.

Табибони "Ёрии таъҷилӣ", ки барои муовинаи фаъоли маданӣ даъват шуда буданд, гуфтаанд, бемории меъдаи Ескендирова авҷ гирифтааст ва бояд фавран бистарӣ шавад.

"Аз дарди меъда ранҷ мебарам. Табибон хостанд, ки бистарӣ шавам, вале ман рад кардам, гуфтам, гуруснанишиниро идома медиҳам. Фаъолони маданӣ исрор карданд, ки ман гуруснанишиниро қатъ кунам, чун хатарнок аст", - изҳор дошт худи Ескендирова.

Оринбой Охасов, фаъоли мадании дигари қазоқ низ, ки даст ба гусруснанишинӣ зада буд, иқдоми эътирозии худро қатъ кардааст, то Ескендирова бо пайравӣ аз ӯ ғизо истеъмол ва беморияшро табобат кунад.

Як қатор фаъолони маданӣ дар шаҳрҳои Урал, Чимкент ва вилояти Туркистони Қазоқистон ҳафтаи гузаштаи бо талаби бекор кардани қарори додгоҳ дар бораи манъи фаъолияти ҳаракатҳои мухолифи "Көше партиясӣ", "Интихоби демократии Қазоқистон" ва қатъи таъқиби сиёсии фаъолони маданӣ гуруснанишинӣ эълом карда буданд.

XS
SM
MD
LG