Ссылки доступа

Беморхонаҳои уфунатии шаҳри Нурсултон то 70 дарсад пур шудаанд


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ба беморхонаҳои уфунатӣ ҳамарӯза то 150-200 бемор ворид мешавад. Дар ин бора Тимур Муродов, як масъули ҳифзи тандурустии Қазоқистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, суръати паҳншавии коронавирус дар пойтахти Қазоқистон афзудааст. Дар беморхонаҳо то 70 дарсади катҳо банд шудаанд.

Рӯзи 28 июн дар беморхонаҳои уфунатӣ 1403 бемор бистарӣ буд. Бештаре аз ташхисҳои коронавирус мусбат баромадаанд. Дар шаҳри Нурсултон 14 беморхона барои гирифторони коронавирус ҷудо шудааст.

Масъулони вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон гуфтанд, ҳамзамон теъдоди касоне низ афзудааст, ки хоҳиши гирифтани воксини зидди коронавирусро доранд.

Рӯзи 27 июн дар Нурсултон якбора 500 гирифтори нав ба коронавирус сабт шуд. Ин болотарин нишондоди гирифторон дар як рӯз аст. Пойтахти Қазоқистон айни замон шомили "минтақаи сурх" аст. Вилоятҳои Алмато, Атирау, Қазоқистони Ғарбӣ ва Қарғандаи Қазоқистон низ шомили "минтақаҳои сурх" ҳастанд.

XS
SM
MD
LG