Ссылки доступа

Бозҷӯии хонаҳои рӯзноманигорони "Проект" баъди таҳқиқот дар бораи вазири умури дохилии Русия


Роман Баданин
Роман Баданин

Кормандони пулис субҳи сешанбе хонаҳои сармуҳаррири "Проект" Роман Баданин ва хабарнигори расона Мария Жолобоваро бозҷӯӣ карданд.

Муовини сармуҳаррири "Проект" Михаил Рубин низ дар наздикии хонаи Жолобова дастгир шудааст. Кормандони пулис Рубинро ба манзили зисти волидонаш бурда, онҷоро ҳам бозҷӯӣ кардаанд.

Пулиси Русия сабабҳои бозҷӯии манзилҳои зисти рӯзноманигоронро шарҳ намедиҳад. Вакили дифои Жолобова - Василий Кушнир ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, бозҷӯиҳо дар доираи парвандае сурат мегиранд, ки бар асоси банди "Туҳмат" боз шудааст. Соҳибкор Иля Трабер ҷабрдида дониста мешавад.

Вакили дифои Баданин Анна Богатирёва ба "Дожд" хабар додааст, ки сармуҳаррири "Проект" гумонбар эътироф шудааст. Ба гуфтаи вакили дифои Жолобова, шахси зери ҳимояи вай ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мешавад.

Трабер, соҳибкори петербургиест, ки "Проект" ӯро "дӯсти Путин" ва "иштирокчии умури мофиёи русӣ" номида буд. "Проект" соли 2020 дар бораи нақшаҳои Трабер таҳқиқотеро нашр карда буд.

Мария Жолобова сабаби бозҷӯиҳоро ба таҳқиқоте рабт медиҳад, ки "Проект" ахиран дар бораи вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев нашр кард. Дар таҳқиқот дар бораи дороиҳои Колоколтсев гуфта шудааст.

Мария Жолобова муаллифи чандин таҳқиқотҳои ҷолишбарангез дар бораи раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ҳам аст.

XS
SM
MD
LG