Ссылки доступа

Рафиқов: дар Узбекистон дар як дақиқа 9 метри мураббаъ замин биёбон мешавад


Сардори Маркази зилзилашиносии Академияи илмҳои Узбекистон Ваҳоб Рафиқов аз суръат гирифтани раванди биёбоншавии заминҳои он кишвар ҳушдор додааст.

"Суръати ин раванд ҳар сол бештар мешавад. Барои намуна, раванди биёбоншавӣ дар минтақаҳои ҷанубӣ, шарқӣ, шимолӣ ва аз ҳама бештар дар манотиқи ғарбӣ бештар мешавад. Тавсеа ёфтани марзи биёбонҳои Қарначул, Мирзочул, Шеробод, Далварзин ва Қарақалпоқ идома дорад. Дар давоми солҳои ахир ба онҳо хурдтарин биёбон - "Баҳри арал" низ пайвастааст", - изҳор медорад Рафиқов.

Ба гуфтаи ӯ, дар Узбекистон дар ҳар як дақиқа 9 метри мураббаъ замин ба биёбон табдил меёбад.

Донишманди узбек афзуда, ки мушкилоти экологӣ ва геоэкологӣ дар Узбекистон рӯз то рӯз бештар мешавад, вале мақомот феълан ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ чандон таваҷҷуҳ намекунанд. Ӯ гуфта, ки агар ҳоло чораҳои зарурӣ андешида нашавад, пас дар солҳои 2030 ва 2040 заминҳои корам танҳо дар Тошканд ва водиҳо боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG