Ссылки доступа

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон фаъолонро дар остонаи гирдиҳамоиҳо таъқиб мекунанд (видео)


Айжан Абенова, як фаъоли маданӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистонро бо айби "вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоиҳо" рӯзи 29 июн 15 рӯз ҳабс карданд.

Абеноваи 54-соларо бо он айбдор карданд, ки вай дар моҳи апрел тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ "аз баргузории гирдиҳамоии умумиқазоқистонӣ" хабар додааст.

Нурлан Олтинбоев, фаъоли дигари маданӣ аз шаҳри Нурсултон рӯзи сешанбе хабар дод, ки пулис ба хонааш омадааст.

Пулис рӯзи 28 июн ду фаъоли дигар - Марат Мусобоев ва Кайиргелдӣ Нургалиевро боздошт кард. Додгоҳ ин ду фаъолро ба 15 ва 20-рӯзи ҳабси маъмурӣ мутаносибан маҳкум кард. Онҳоро дар "иштирок дар ҷамъомади оммавие, ки боиси вайрон кардани тартиби гирдиҳамоӣ мегардад", айбдор карданд.

Фаъолон мегӯянд, ин боздоштҳо дар остонаи баргузории гирдиҳамоиҳои рӯзи 6 июл сурат мегиранд. Мухтор Аблязов, сиёсатмадори фирории қазоқ аз тарафдоронаш даъват кард, ки 6 июл ба кӯча бароянд.

6 июл Рӯзи пойтахти Қазоқистон таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG