Ссылки доступа

Як сокини Туркманистонро барои талаби нишон додани фармони воксинзанӣ ҷарима карданд


Мурод Душемов, як сокини Туркманистонро барои талаби нишон додани фармони воксинзании зидди вабои коронавирус 28 доллар ҷарима карданд.

Душенов дар интернет навори ба беморхона рафтанашро нашр кард. Вай дар беморхона талош кард, ки фармони вазорати тандурустиро дар бораи воксинзании иҷборӣ дастрас кунад.

Дар беморхона ба вай гуфтанд, ки ҳеч гуна фармоне мавҷуд нест. "Ба мо дастур доданд, ки сокинони куҳансолро воксин занем", - гуфт як масъули беморхона.

Баъди ин баҳс бо масъулони бемористон Душемовро рӯзи дигар ба додгоҳи ноҳияи Безмеини он кишвар даъват ва маҷбур карданд, ки баёноти омодашударо имзо кунад. Дар он баёнот навишта шуда буд, Душемов эътироф мекунад, ки дар ҷои ҷамъиятӣ ҷанҷол карда ва аз ин ба баъд чунин корро нахоҳад кард. Додгоҳ ӯро 100 манат - муодили 28 доллар ҷарима кард.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон то кунун мавҷудияти коронавирусро дар кишвар рад мекунанд. Дар навбати худ расона аз гирифтории сокинон он кишвар ба вабои коронавирус хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG