Ссылки доступа

Белорусро аз ҳаққи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба дав маҳрум карданд


Эътилофи байналхалқии федератсияи варзиши сабук қарор қабул кард, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба давро дар Минск соли 2022 баргузор накунад.

Эътилофи мазкур айни замон дар ҷустуҷӯи шаҳри дигаре барои баргузории ин мусобиқа аст.

Федератсияи варзиши сабук хабар дод, ки бо назардошти хатарҳо, аз ҷумла номуайянии муносиботи дипломатӣ ва маҳдудиятҳои сафар ба Белорус чунин тасмим гирифтаанд.

Ахиран расонаҳо аз ҳабси се варзишкори дучархароне дар Минск хабар доданд, ки бо айби фарёд задани "шиорҳои эътирозӣ" ҳабси маъмурӣ шудаанд.

Пештар аз ин Минскро аз ҳаққи баргузории Чемпионати ҷаҳон оида ба хоккей дар соли 2021 маҳрум карданд. Моҳи март Кумитаи байналхалқии олимпӣ писари калонии Александр Лукашенко - Виктор Лукашенкоро ба ҳайси роҳбари нави Кумитаи миллии олимпии Белорус эътироф накард.

XS
SM
MD
LG