Ссылки доступа

Узбекистон назорати марз бо Афғонистонро сахттар кард: мақомот ва имомҳо сокинонро ба ҳушёрӣ даъват доранд


Дар бештар аз 10 деҳа, шаҳр ва маҳалли аҳолинишини наздимарзии Узбекистон бо Афғонистон имрӯзҳо назорати шиносномавӣ ба роҳ монда шудааст.

Бархе аз минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо Узбекистон айни замон зери назорат толибон аст. 23, 26 ва 27 июн аз вилояти Балхи Афғонистон наздики 100 тан аз низомиёни афғон ба Узбекистон паноҳ бурданд.

Аз ноҳияи Музрободи Узбекистон гуфтанд, назорат ба 10 минтақаи аҳолинишини ноҳия пурзур шудааст. Мақомот ва имомони масҷидҳо бо сокинони маҳаллӣ мулоқот ва аз онҳо ҳушёрӣ талаб мекунанд.

Рӯзи 27 июн як гуруҳи мусаллаҳи неруҳои марзбонии Афғонистон иборат аз 44 нафар марзи давлатии Узбекистонро ғайриқонунӣ убур карданд.

Рӯзи 26 июн низ 3 тани дигар аз неруҳои низомии Афғонистон марзи Узбекистонро убур карда буданд. Ҳамаи ин низомиён аз сӯи мақомоти Узбекистон ба ватанашон бозпас фиристода шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мегӯяд, "талоши ғайриқонунӣ убур кардани марзи давлатии Узбекистон шадидан пешгирӣ карда мешавад".

Дипломатҳои Узбекистон аз ташдидёбии вазъи шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Пештар аз ин, рӯзи 23 июн низ 53 тан аз низомиёни Афғонистон марзи Узбекистонро ғайриқонунӣ убур карданд. Мақомоти Узбекистон онҳоро бозпас гардониданд.

XS
SM
MD
LG