Ссылки доступа

Чин ба Узбекистон 1 миллион вояи воксини зидди коронавирус фиристод


Рӯзи 30 июн Чин ба Узбекистон 1 миллион вояи воксини ZF-UZ-VAC2001 фиристод. Дар ин бора аз вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон иттилоъ доданд.

Як рӯзи пеш низ Узбекистон аз Чин 1 миллион вояи дигари воксини ZF-UZ-VAC2001 дастрас карда буд. Вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон ин воксинро "воксини чиниву узбекӣ" унвон кард.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, 27 март 1 миллион воя, 27 апрел 1 миллион, 18 май 1 миллион, 19 май 500 ҳазор ва 10 июн 1 миллион воя воксини ZF-UZ-VAC2001 аз Чин ба Узбекистон оварда шудааст.

Дар маҷмуъ, аз Чин ба Узбекистон 6,5 миллион вояи воксини ZF-UZ-VAC2001 ворид гардидааст.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, то ин замон 3,5 миллион вояи воксинро истифода кардаанд.

Воксинзанӣ дар он кишвар 1 апрели соли ҷорӣ шуруъ шуд. То ин замон 4 дарсади сокинони Узбекистон ба таври комил воксин гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG