Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон қонун дар бораи муҳофизат аз иттилои носаҳеҳро рад кард


Вакилони порлумони Қирғизистон 30 июн тарҳи қонун дар бораи муҳофизат аз иттилои носаҳеҳро баррасӣ ва онро рад карданд.

Вакили порлумони Қирғизистон Гулшод Асилбоева гуфт, "вақте ному насаб ва суроғаи ӯро намедонем, наметавонем зиддаш даъво кунем. Ӯро намешавад барои туҳмату таҳқир ба ҷавобгарӣ кашид. Шаҳрвандон ҳақ доранд, ки аз болои саҳифаҳои сохта ба ниҳодҳои дахлдор шикоят кунанд".

Вакили дигари порлумони Қирғизистон муаллифони лоиҳаи қонунро танқид карда, изҳор дошт, ки бархе аз ҳамкоронаш мехоҳанд мардумро аз ҳаққи озод ҳарф задан маҳрум кунан. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "дуруғтарин маълумотро мансабдорон ва сиёсатмадорон медиҳанд".

Рӯзи 30 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зидди қабули ин лоиҳаи қонун гирдиҳамоӣ ташкил шуд. Гирдиҳамомадагон гуфтанд, қабули чунин қонуне ба озодии баён дар Қирғизистон таҳдид мекунад.

Тарҳи қонуни мазкурро соли гузашта ду тан аз вакилони порлумон Гулшод Асилбоева ва Айнура Осмонова таҳия карданд. Қонун аз 9 модда иборат аст ва ҳуқуқу уҳдадориҳои истифода аз Интернет, соҳибони сомонаҳо ва ширкатҳои интернетрасонро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG