Ссылки доступа

Узбекистон бузургтарин иқтисоди соягиро дар Осиёи Марказӣ дорад


Дар соли 2019 ҳаҷми иқтисоди соягӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии Узбекистон 52,11 дарсадро ташкил додааст.

Дар ин бора вазорати рушди иқтисод ва ихтисори фақри Узбекистон хабар медиҳад.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ гуфтаанд, Узбекистон дар Осиёи Марказӣ аз рӯи иқтисоди соягӣ ё пинҳонӣ дар мақоми аввал қарор дорад.

Барои муқоиса: дар Тоҷикистон ин нишондод 40,76 дарсад, дар Қазоқистон 36,65 дарсад ва дар Қирғизистон 30,53 дарсадро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои расмӣ, иқтисоди соягӣ дар Узбекистон аз соли 2003 ба ин тараф дар ҳоли рушд аст. Ба вижа, дар соли 2003 сатҳи иқтисоди соягӣ 35 дарсадро ташкил медод. Дар солҳои 2011-2017 ин нишондод ба 45-50 дарсад расид.

Ба иттилои коршиносон, дар соли 2019 ҳаҷми зиён аз иқтисоди соягӣ 16-17 миллиард долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG