Ссылки доступа

Президенти Туркманистон дар рӯзи зодрӯзаш меҳмонхонаи "Аркадаг"-ро ифтитоҳ кард


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон рӯзи 29 июн дар маросими кушодашавии меҳмонхонаи "Аркадаг" дар шаҳри Ишқобод ширкат варзид.

Ба иттилои расонаҳои расмии Туркманистон, меҳмонхонаи мазкур бо фармоиши ҳукумати шаҳри Ишқобод аз сӯи ширкати фаронсавии "Bouygues Batiment International" сохта шудааст.

Ин меҳмонхона ба ифтихори унвони расмии президент Бердимуҳаммадов - "Аркадаг" номгузорӣ ва ҳам дар рӯзи зодрӯзи вай кушода шудааст. 29 июн Бердимуҳаммадов ба 64-солагӣ расид.

Меҳмонхонаи "Аркадаг" аз 14 ошёна ва 77 метр баландӣ иборат аст.

Бердимуҳаммадов наздики 15 сол аст, ки Туркманистонро идора мекунад. Созмонҳои байналхалқӣ ҳукумати ӯро худкома меноманд.

Сохтмони меҳмонхонаи навбатии боҳашамат дар ҳолест, ки Туркманистон гирифтори буҳрони иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи қимати маҳсулоти ғизоӣ аст.

XS
SM
MD
LG