Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон гуфт, дар кутоҳтарин муҳлат ба осебдидаҳои низои марзӣ ҷуброн пардохт мешавад


Раиси ҳукумати Қирғизистон Улуғбек Марипов ҷаласаи Комиссияи давлатии он кишвар оид ба барқарор кардан ва рушд додани деҳаҳои назди марзии вилояти Бодкандро дар шакли онлайнӣ баргузор кард.

Ӯ гуфт, корҳои барқарорсозии деҳаҳое, ки дар натиҷаи низои ахир дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон осеб дидаанд, бояд натиҷа дошта бошанд. "Бинои муассисаҳои таълимии осебдида то 1 сентябри имсол бидуни ҳеч баҳонае бояд барқарор шаванд", - афзуд Марипов.

Ҳамчунин дастур шудааст, ки дар кутоҳтарин муҳлат ба хонаводаҳои осебдида дар низои марзӣ ҷуброн пардохта шавад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, ҷамъан 136 манзили зист бунёд хоҳад шуд, ки марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Дар навбати аввал барои 36 хонаводае хона бунёд мешавад, ки пайвандонашон дар низои марзӣ ҷон додаанд.

Барқарорсозии хонаҳои осебдида дар ноҳияҳои Лайлак ва Бодканди Қирғизистон оғоз шудааст, ки дар марҳалаи дувум ба истифода дода хоҳанд шуд. Ба ҷуз аз манзилҳои зист, қарор аст, дар ду ноҳия 8 иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла 5 мактаб ва 2 боғча бунёд шавад.

Рӯзҳои 29-30 апрели соли равон дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо манзили зист ба коми оташ фурӯрафтанд.

XS
SM
MD
LG