Ссылки доступа

Дар Узбекистон ба кудакони хонаводаҳои камбизоат 50-долларӣ кумак мекунанд


Кӯдакони хонаводаҳое, ки дар Узбекистон шомили "Дафтари оҳанин" ҳастанд, моҳи август барои хариди лавозимот ва либоси мактабӣ 500-ҳазорсӯмӣ (ҳудуди 50-долларӣ) кумаки молӣ дарёфт хоҳанд кард.

Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 30 июн дар Форуми ҷавонон ва донишҷӯёни он кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи намояндаи расмии президенти Узбекистон Шерзод Асадов, Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, пули таҳсили соли аввали донишҷӯён аз хонаводаҳои шомили "Дафтари оҳанин"-ро низ давлат пардохт мекунад.

Шавкат Мирзиёев қайд карда, ки барои оилаҳои ҷавон дар мавриди дарёфти хона тавассути низоми ипотека 2000 квотаи иловагӣ ҷудо мешавад. Маблағе, ки хонаводаҳои ҷавон бо он қарзи хонаи худро мепардозанд, пурра аз андоз аз даромад озод хоҳад шуд.

Ба "Дафтари оҳанин" хонаводаҳои камбизоат, шахсони маъюб, пиронсолони танҳо, шаҳрвандони бекор, онҳое, ки ба иллати карантин бекор мондаанд шомил шуда, ба онҳо хидматрасонии тиббӣ ройгон ва дар гирифтани қарз барои соҳибкорӣ имтиёз дода мешавад.

XS
SM
MD
LG