Ссылки доступа

Вакилони қирғиз эъломи афв бахшида ба 30-солагии истиқлолро пешниҳод доранд


Як гуруҳ аз вакилони порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун дар бораи эъломи афви маҳбусон бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии он кишварро таҳия кардаанд, ки аз 1 июл дар баррасии ом қарор дорад.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, мардони аз 60-сола ва занони аз 55-сола боло, маъюбони гуруҳҳои якум ва дувум, нонварони хонаводаҳое, ки ду ва зиёда фарзанди ноболиғ доранд, онҳое, ки бори аввал ҷиноят содир кардаанд ё камтар аз як соли муҳлати ҷазояшон мондааст, озод хоҳанд шуд. Қонун ба шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин зиндонӣ шудаанд, дахл намекунад.

Ҳамчунин шахсоне, ки ба гуруҳҳои дар боло зикршуда шомил мешаванду аз ҷавобгарӣ фирор кардаанд, дар сурати ихтиёрӣ таслим шудан дар давоми се моҳи баъди қабули қонун афв карда мешавад.

Ба ҳисоби Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон, агар қонун қабул шавад, 153 кас озод ва муҳлати ҷазои 3 ҳазору 127 нафари дигар кам хоҳад шуд. Ҳамчунин қонуни афв нисбат ба 951 касе, ки дар фирор ҳастанд, тадбиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG