Ссылки доступа

Дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон теъдоди зиёди мошинҳои боркаш ҷамъ шудааст


Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки дар гузаргоҳи марзии "Оқтилек-автодорожний" дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон наздики 120 мошини борбар ҷамъ шудааст.

Бо ин вуҷуд, Хадамоти мазкур ҳолати мазкурро муътадил арзёбӣ карда, ҷамъшавии мошинҳои борбарро ба афзоиши ҳамлу нақл рабт медиҳад.

"Аз ҷониби Қирғизистон маҳдудияте барои убури мошинҳои борбар мавҷуд нест. Мошинҳои сабукрав ва нақлиёти мусофиркаш бидуни монеа марзро убур мекунанд", - хабар додааст Хадамоти марзбонӣ.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар гузаргоҳҳои марзии дигари байни ду кишвар ҷамъшавии нақлиёт мушоҳида намешавад.

XS
SM
MD
LG