Ссылки доступа

Як дигарандеши қазоқистониро бо захмҳои зиёд бистарӣ карданд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон сиёсатмадори мухолиф ва дигарандеш Жасарал Куанишалинро рӯзи 1 июл боздошт ва баъдтар бо захмҳои зиёд дар бемористон бистарӣ карданд.

Дар ин бора сиёсатмадор дар саҳифаи Фейсбук хабар дод.

Вай навишт, ки рӯзи панҷшанбе се тан дар либоси мулкӣ ӯро назди манзилаш боздошт ва иҷборан бо мошине шинондаанд. Ин ҳолатро рӯзноманигорони сомонаи хабарии Qazaq Times шоҳид шудаанд.

Жасарал Куанишалин моҳи феврали соли ҷорӣ эълом кард, ки Кумитаи ҷамъиятии ҳифзи сиёсатмадорони зиндониро таъсис медиҳад.

Ин Кумита дар моҳи апрел аз конгресс ва департаменти давлатии ИМА даъват кард, ки нисбати мақомдорони Қазоқистон таҳрим ҷорӣ кунанд.

Боздошт ва захмӣ шудани Жасарал дар ҳолест, ки мухолифони Қазоқистон тасмим доранд, рӯзи 6 июл гирдиҳамоӣ ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG