Ссылки доступа

Дар шаҳри Тошканд марказҳои мубориза бо Covid дубора боз шуданд


Дар робита ба бад шудани вазъи беҳдоштӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон марказҳои Сovid дубора боз мешаванд.

Расонаҳои Узбекистон ахиран хабар доданд, ки Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, раиси шаҳри Тошканд ба маркази Сovid дар маҷмааи варзишии "Ёшлик" рафтааст.

Чунин марказҳо дар ду маҷмаи варзишии дигари шаҳри Тошканд бунёд хоҳад шуд. Дар ин се марказ барои 2 ҳазор бемор кат гузошта шудааст.

Марказҳои Сovid дар Узбекистон дар моҳҳои ноябр-декабри соли гузашта дар робита ба камшавии теъдоди гирифторони вабои коронавирус баста шуданд.

Ҳафтаҳои ахир шумори гирифторон ба вабои коронавирус дар Узбекистон меафзояд. Мақомоти Узбекистон ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки дар ин кишвар навъи хатарноктар ва зудпаҳншавандаи коронавирус "Делта" сабт шудааст. Дар робита ба ин шуруъ аз 28 июн маҳдудиятҳои карантинӣ дар он кишвар сахттар шуд.

XS
SM
MD
LG