Ссылки доступа

Дар бархе аз марказҳои тиҷории шаҳри Бишкек нуктаҳои воксинзанӣ таъсис мешавад


Дар бархе аз марказҳои тиҷории шаҳри Бишкеки Қирғизистон нуқтаҳои воксинзанӣ зидди вабои коронавирус кушода мешавад.

Аз шаҳрдории Бишкек гуфтанд, сокинони пойтахт метавонанд, дар марказҳои тиҷоратии "Космопарк", "Тошработ", "Ҷаҳони кӯдакон" ва "Чинор" воксин бигиранд.

Ба ҷуз ин дар шаҳр теъдоди операторони хати сурхи 118 меафзояд. Ин хати сурх ба шаҳрвандон дар амри воксингирӣ машварат медиҳад. Ҳоло дар маркази хати сурх 12 кас фаъолият дорад ва теъдоди онҳо ба 20 кас расонида хоҳад шуд.

То рӯзи 4 июл дар Қирғизистон 130 ҳазору 633 гирифтори вабои коронавирус сабт шудааст. Аз ин шумор танҳо 1401 тани онҳо рӯзи шанбеи 3 июл ба қайд гирифта шудаанд. Нисбати минтақаҳои дигар шаҳри Бишкек бештар гирифтори вабои коронавирус дорад.

Воксинзанӣ дар Қирғизистон 29 марти соли 2021 шуруъ шуд. Дар он кишвар аз воксинҳои чинии Sinopharm ва русии Sputnik V истифода мекунанд. То рӯзи 3 июл бештар аз 120 ҳазор кас дар Қирғизистон воксин гирифтааст.

XS
SM
MD
LG