Ссылки доступа

Коргарони "КЕЗБИ" дар Қазоқистон панҷ рӯз пайи ҳам корпартоӣ доранд (видео)


Коргарони ширкати нафткаши "КЕЗБИ" дар Жанаозени Қазоқистон панҷ рӯз пайи ҳам корпартоӣ карданд. Онҳо беҳсозии шароити корӣ ва афзоиши музди меҳнатро талаб доранд.

Корпартоён гуфтанд, комисияи созиш таъсис додаанд.

Шоми 30 июн гуфтуги онҳо бо ҷониби корфармо бенатиҷа анҷом ёфт.

Ҳудуди 600 корманди "КЕЗБИ" 1 июл бо талаби шароити беҳтари корӣ ва баланд бардоштани маош корпартоӣ карданд.

Яке аз эътирозгарон Нурсултон Нуримов гуфт, "21 июн шаҳрдорӣ, нозироти меҳнат ва корфарморо аз тасмими корпартоӣ огаҳ карда будем, вале ҳеч посухе нагирифтем. Ҳаминтариқ имрӯз, 30 июн мо корро пурра қатъ кардем. Аз соати 6 касе ба кор набаромад".

Кормандони "КЕЗБИ", аз ҷумла талаб доранд, ки маошашон баланд ва барои кор дар рӯзҳои ид пули иловагӣ пардохт шавад.

Дар гуфтугӯҳо бо комисияи махсуси муташаккил аз намояндагони корфармо, шаҳрдорӣ, вазорати меҳнат, раёсати пулис ва муовини раиси вилояти Мангистау аз ҷониби кормандони норозӣ чорнафар Азамат Жапаров, Жолмурат Уликпанов, Баймурат Ажекенов ва Сабит Молдабеков иштирок доштанд.

Кормандон ҳамчунин аз корфармо талаб доранд, ки ба кори иттифоқи касабаи таъсисдодаи онҳо дахолат накунад. ​Кормандони "КЕЗБИ" 25 июли соли 2019 иттифоқи касабаеро таъсис дода буданд.

"КЕЗБИ" соли 1992 таъсис ёфта, дар таъмири чоҳҳои нафт ба ширкатҳои вилояти Мангистау хидмат мерасонад.

XS
SM
MD
LG