Ссылки доступа

Ба донишҷӯёни воксингирифта дар Узбекистон 10 дарсад тахфиф ваъда карданд


Донишҷӯёни бахши шартномавии донишгоҳҳои Узбекистон, ки ихтиёран воксинаи зидди вабои коронавирус мегиранд, дар пардохти шартномаи соли таҳсили 2021/2022 10 дарсад тахфиф дарёфт хоҳанд кард.

Дар ин бора вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи тахассусии Узбекистон хабар дод.

Вазорат иттилоъ дод, ки донишҷӯёни аз 18-сола боло аз ҳисоби буҷаи кишвар ва довталабона воксини ройгон хоҳанд гирифт.

Мақомоти Узбекистон пештар аз ин ба ширкатҳову муассисаҳо дастур доданд, ки ҳамаи коргаронашонро воксин зананд.

Ба Узбекистон дар маҷмуъ 6,5 миллион вояи воксин ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG