Ссылки доступа

Қирғизистон манъи содироти чорворо бекор мекунад: алаф кам рӯид


Шуруъ аз 8 июли соли 2021 Қирғизистон манъи содироти чорворо ба хориҷ бекор мекунад.

Дар ин бора Роҳатбек Иброев, як намояндаи вазорати кишоварзӣ, захираи об ва рушди минтақаҳои Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, бекорсозии манъи содирот ба далели камбуди ғизои чорво рӯи даст гирифта шудааст. "Аммо содироти алаф, комбикорм, ҷуворимакка ва юнучқа ба хориҷ ҳамоно манъ аст", - гуфт Иброев.

Ҳукумати Қирғизистон ҳанӯз 19 ноябри соли 2020, бо ҳадафи таъмини амнияти ғизоӣ дар дохили кишвар, содироти чорворо ба хориҷ манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG