Ссылки доступа

Дар Тошканд гуруҳе аз руҳониён асарҳои Да Винчи ва Рембрандтро "бегона" унвон карданд


Гуруҳе аз руҳониёни узбекистонӣ ба бозори китоби шаҳри Тошканд рафта, асарҳои Да Винчи ва Рембрандтро барои мардуми Узбекистон "бегона" унвон карданд.

Ин гуруҳ рӯзи 28 июн бо роҳбарии ректори Академияи исломии Узбекистон, муовини раиси Кумитаи кор бо дини назди девони вазирони Узбекистон Музаффар Комилов ва дигар шахсони расмӣ ба бозори китоби шаҳри Тошканд рафт.

"Дар ин китобҳо ақидаҳои зидди дини мо мавҷуд аст. Ин китобҳо бархе аз масоили диниро нақз мекунанд. Дар навбати аввал ин китобҳо бояд ба ақидаи динии мо мувофиқ бошанд. Баъдан ба ахлоқ ва анъанаҳои мо мутобиқ бошанд", - мегӯяд ҳангоми "рейд" дар борзор муовини раиси Кумитаи кор бо дин Музаффар Комилов.

"Дар бархе аз китобҳо аксҳои ӯрён дида мешавад. Дар асарҳои Да Винчи ва Рембрандт. Касоне ҳастанд, ки ин асарҳоро санъат меҳисобанд. Аммо инҳо ба ҷавҳари миллати мо таъсири бад мерасонанд. Мо, афроди афкорсоз, бояд ин гуна фаъолиятро маҳдуд созем", - мегӯяд Аброр Абдуазимов, як корманди Маркази тамаддуни исломии Узбекистон.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар солҳои охир дар Узбекистон, ки дин аз давлат ҷудо дониста мешавад, тамоюли аз дидгоҳи мазҳабӣ баҳо додани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, ба вижа фарҳангӣ густариш меёбад.

XS
SM
MD
LG