Ссылки доступа

Эътирози инфиродии ҳамсари президенти бедаракшудаи "Сапат" дар маркази Бишкек


Райҳон Инон, ҳамсари президенти бедаракшудаи мактаби байналмилалии "Сапат"-и Қирғизистон Орхан Инон 5 июл дар маркази шаҳри Бишкек эътирозӣ инфиродӣ баргузор кард.

Тавре аксу видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, Райҳон Инон дар назди биноҳои ҳукумат ва порлумони Қирғизистон дар даст лавҳаеро бо навиштаи "Инон дар куҷо аст?" дорад.

Қаблан Райҳон Инон се бор ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов муроҷиат ва дар пайдо кардани шавҳараш дархости кумак карда буд.

Ҷонибдорони Орхан Инон иддао доранд, ки дар бедаракшавии Инон хадамоти махсуси Туркия даст дорад.

Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

XS
SM
MD
LG