Ссылки доступа

Бетартибии мухолифони роҳпаймоии ҳамҷинсгароён дар Тифлис


Противники ЛГБТ-марша в Тбилиси
Противники ЛГБТ-марша в Тбилиси

Бо иштироки мухолифони роҳпаймоии ҳамҷинсгароён ба ҳимоят аз ҳуқуқи ақалиятҳои ҷинсӣ дар шаҳри Тифлис бетартибӣ сар задааст.

Созмондиҳандагони роҳпаймоӣ пештар хабар дода буданд, ки соати панҷи бегоҳ дар хиёбони Руставелӣ ҷамъ мешаванд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, даҳҳо мухолифи роҳпаймоӣ дар назди коргоҳи созмони ҷамъиятӣ, ки созмондиҳандагони чорабинӣ дар онҷо буданд, ҷамъ шуда, бо истифода аз нерӯ чандин лавҳаро канданд.

Хабаргузории "Интерфакс" навишта, ки кормандони пулис ба раванди ҳодиса дахолат накарданд ва дар хиёбони мазкур ҳазор одам ҷамъ омадаанд, то ба баргузории роҳпаймоӣ иҷозат надиҳанд.

Рӯзи 5 июл дар назди бинои порлумони Гурҷистон чандин рӯзноманигор ва наворбардор мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҳамлагарон фарёд мезаданд, ки рӯзноманигорон дар Гурҷистон идеяҳои ҷомеаи ҳамҷинсгароиро таблиғ мекунанд.

Сарвазири кишвар Ираклий Гарибашивилӣ қаблан баргузории роҳпаймоиро дар маркази Тифлис ғайримақсаднок номида буд. Ӯ гуфт, роҳпаймоӣ боиси задухӯрди маданӣ хоҳад шуд. "Инҷо Гурҷистон аст ва мо ойину тартиботи худро дорем", - афзуд вай.

XS
SM
MD
LG