Ссылки доступа

Филми ҳаштсоатии Оливер Стоун дар бораи Нурсултон Назарбоев


Американский режиссёр Оливер Стоун 
Американский режиссёр Оливер Стоун 

Филмсоз Оливер Стоун дар бораи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев филми ҳуҷҷатии ҳаштсоатиеро бо номи "Qazaq. Таърихи одами тилоӣ" ба навор гирифтааст. Дар ин бора худи муаллиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Стоун ҳамчунин афзуда, ки барои иштирок дар нахустнамоиши филмаш ба Қазоқистон хоҳад рафт. Президенти пешини Қазоқистон дар ин филм даврони кудакӣ ва пошхурии Иттиҳоди Шуравиро қисса мекунад.

Оливер Стоун филмсоз, сенарист ва коргардони амрикоиест, ки се бор ҷоизаи маъруфи "Оскар"-ро ба даст овардааст.

Ӯ соли 2017 филми ҳуҷҷатӣ ва китоберо таҳти унвони "Мусоҳиба бо Путин" нашр кард. Президенти Русия Владимир Путин дар он суҳбат, аз ҷумла мегӯяд, фоҷеаи ҳавопаймои "Боинг"-и Молайзияро дар осомони Донбас корманди испониёитабори фурудгоҳи Киев назорат мекард ва гӯиё ӯ дар наздикии "Боинг" ҳавопаймои низомии Украинаро дидааст. Вале дар асл дар фурудгоҳи Киев ингуна корманд нест.

Стоун ба ҷуз аз Путин дар бораи Фидел Кастро низ филми ҳуҷҷатӣ таҳия кардааст.

Назарбоеви 80-сола моҳи марти соли 2021, баъди 30 соли раҳбарии Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод. Вақтҳои ахир ӯ дар маҳзари ом ҳозир намешавад. Ӯ дар ҳоли ҳозир раиси ҳизби ҳокими “Нур Отан” ва Шӯрои амнияти Қазоқистон аст. Ҳамчунин аз унвони "Пешвои миллат" бархурдор мебошад, ки ӯро аз ҳама гуна таъқибҳо эмин нигаҳ медорад.

Дар Қазоқистон пойтахт, фурудгоҳи байналмилалии он, кӯчаҳои марказии вилоятҳо ба номи Назарбоев гузошта шудаанд. Яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Алмато низ номи ӯро гирифта, то ба ҳол дар ин кишвар чанд муҷассамаи Назарбоев қомат афрохтааст.

XS
SM
MD
LG