Ссылки доступа

Дар 2 рӯз ҳудуди 2000 сокини Узбекистон барои надоштани ниқоб муҷозот шудаанд


Рӯзи шанбеи гузашта дар кӯчаву хиёбонҳои Узбекистон 964 кас барои риоя накардани маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ва напӯшидани ниқоби тиббӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Рӯзи якшанбе низ 985 қоидавайронкунии ҳамсон сабт гаштааст.

Ба огаҳии Раёсати пулиси шаҳри Тошканд, 3 июл 4885 кас ва 4 июл 4764 нафар барои риоя накардани қоидаҳои карантин огаҳӣ гирифтаанд.

Ҳамчунин 11 шахси ҳуқуқӣ барои нақзи карантин дар рӯзи якшанбе ҷарима карда шудааст.

Пештар хабар дода шуда буд, ки комиссияи ҷумҳуриявии Узбекистон барои мубориза бо коронавирус ба иллати бад шудани вазъи эпидемиологӣ аз 28 июн то 12 июл маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро сахттар кардааст.

Банди 54-и Кодекси маъмурии Узбекистон барои надоштани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар давраи карантин ва паҳншавии бемории сироятӣ, ки ба саломатии инсон хатар дорад, то 1 миллиону 225 ҳазор сӯм (115 доллар) ҷарима пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG