Ссылки доступа

Дар Қирғизистон баргардонии Орхан Инандиро аз Туркия талаб доранд


Назди порлумони Қирғизистон дар шаҳри Бишкек чанд тан аз сокинон ҷамъ шуда, талаб доранд, ки Орхан Инандӣ аз Туркия ба Қирғизистон баргардонида шавад.

Бо ин вуҷуд, мақомоти Қирғизистон то ин замон шарҳ надодаанд, ки Инандӣ чи гуна баъди як моҳи нопадид шуданаш дар Туркия пайдо шудааст.

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон гуфт, рабудани роҳбари шабакаҳои мактаби "Сапат", шаҳрванди Қирғизистон Орхан Инандӣ аз сӯи мақомоти Туркия маънои сӯиқасд ба кишвари мустақилро дорад. Вай аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки вазъиятро баҳои дуруст диҳанд ва чораҷӯӣ кунанд.

"Орхан Инандӣ - шаҳрванди Қирғизистон аст. Ин одам дар рушди низоми маорифи Қирғизистон саҳми зиёд гузоштааст, вай ҳамватани мо аст", - навиш сиёсатмадори қирғизистонӣ дар саҳифаи Фейсбук.

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия гуфт, Орхан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст. Дар ин бора Эрдуғон рӯзи 5 июл хабар дод.

Ба гуфтаи вай, амалиёти ба Туркия овардани Инандиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орхан Инандӣ "мудири ФЕТО (созмони марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳони турк, ки дар ИМА зиндагӣ дорад) дар Осиёи Марказӣ" ном бурд. "Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", - гуфт Эрдуғон.

Вай илова кард, ки то кунун бештар аз 100 кас аз кишварҳои дигар ба Туркия истирдод шудааст.

Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

XS
SM
MD
LG