Ссылки доступа

Ҳавопаймои мусофирбари Ан-26 дар Камчатка ғайб зад


Ан-26 (иллюстративное фото)

Маҳалли эҳтимолии суқути ҳавопаймои мусофирбари Ан-26-ро, ки аз Петропавловск парвоз карда буд, дар Камчатка пайдо кардаанд. Намояндаи хадамоти изтирорӣ ба РИА "Новости" гуфта, ки ҳавопаймо дар баҳр суқут кардааст.

"Радиосигнали хеле заиф сабт шудааст. Эҳтимол дорад, он аз дастгоҳи сабткунандаи ҳавопаймои гумшуда бошад. Ин дастгоҳ дар сурати суқути ҳавопаймо ба кор медарояд", - гуфтааст манбаи "Интерфакса".

Иртибот бо ҳавопаймои Ан-26 субҳи 6 июл ҳангоми фурудоӣ дар шаҳраки Палана, маркази маъмурии ҳавзаи Корякский қатъ гаштааст. Дар ин шаҳрак ҳудуди 3 ҳазор одам зиндагӣ мекунад.

Дар дохили ҳавопаймо 22 мусофир, аз ҷумла 1 кудак ва 6 узви экипаж ҳузур доштанд.

Нуқси техникӣ ва иштибоҳи халабонҳо ҳамчун фарзияҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймо гуфта мешавад.

Алексей Храбров, мудири ширкати ҳавопаймоии Камчатка, ки Ан-26-и истеҳсоли соли 1982 ба он тааллуқ дорад, ба "Интерфакс" гуфтааст, ҳавопаймо пеш аз парвоз ҳеч гуна нуқси техникӣ надошт.

XS
SM
MD
LG