Ссылки доступа

Ба пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятии Узбекистон иҷозат доданд


Дар Узбекистон ба пӯшидани ҳиҷоб ё либоси мазҳабӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат доданд. Ин кор пас аз он имконпазир шуд, ки Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзи 5-уми июл тарҳи нави қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро имзо кард.

Қонуни пешина, ки дар замони раҳбарии Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, қабул шуда буд, ба бар кардани либоси мазҳабиро (ба истиснои ходимони дин) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекард. Барои вайрон кардани ин банди қонун шаҳрвандонро ҷарима мебастанд ё муддате ба ҳабс меандохтанд.

Дар шакли нави қонун “манъи пӯшидани либосҳои динӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ” ихтисор шудааст. Аммо гуфта мешавад талабот ба либоси кормандони давлатӣ бар асоси низомномаи дохилии ҳар ниҳод танзим карда мешавад.

Дар шакли нави қонун, ки Шавкат Мирзиёев имзо кардааст, ҳамчунон сабукиҳои дигар, аз ҷумла дар таъсиси иттиҳодияи динӣ аз ҷумла масҷидҳо ҷорӣ карда шуд.

Кишварҳои пасошӯравӣ ҳамвора барои нақзи озодиҳои динӣ танқид мешаванд. Узбекистону Тоҷикистон низ дар ин қатор ҳастанд.

XS
SM
MD
LG