Ссылки доступа

Рақиби Лукашенко дар интихоботи президентии Белорусро 14 сол зиндон карданд. Иттиҳоди Аврупо озодии ӯро талаб дорад


Бывший председатель правления ОАО "Белгазпромбанка", экс-претендент на пост президента Белоруссии Виктор Бабарико

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 6 июл талаб кард, Виктор Бабарико ва ҳамаи рӯзноманигорони боздоштшудаву афроде, ки барои ҳақталошии худ дар Белорус зиндонӣ шудаанд, "фавран ва бидуни шарт озод шаванд".

Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо омадааст, Бабарико танҳо ба хотири он 14 сол зиндон шуд, ки "талош кард, бо амалисозии ҳуқуқи сиёсии худ дар интихоботи президентии моҳи августи соли 2020 ширкат варзад".

Дар Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ин ҳукм яке аз 125 ҳукми ноодилонаву худсаронае аст, ки додгоҳҳои Белорус ахиран содир кардаанд.

Додгоҳи Белорус довталаби пешини мансаби президент Виктор Бабарикоро бо иттиҳоми фасод ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Расонаҳои маҳаллӣ дар ин бора рӯзи 6-уми июл гузориш доданд.

Вакилони мудофеи Бабарико гуфтанд, ки иттиҳом ба зидди зерҳимояи онҳо бо ҳадафи пешгирӣ аз фаъолиятҳои сиёсии ӯ дуруст шудааст.

Бабарико, раиси пешини "Белгазпромбонк" моҳи июни сол 2020 дастгир шуд. Замоне ки мехост ҳамчун номзад ба мансаби президенти Беларус сабтином шавад.

Пештар додситон хоста буд, ки Бабарикоро бо иттиҳоми ришваситонӣ ва пулшӯйӣ ба 15 сол зиндон маҳкум кунанд.

Ӯ ҳангоми суханронии охирини худ дар додгоҳ рӯзи 28-уми июн гуфт, иттиҳоми фасод алайҳи ӯ бофта аст ва бори дигар ба бегуноҳии худ таъкид кард.

Интихоботи президентии Белорус моҳи августи соли 2020 баргузор шуд. Кумисюни марказии интихобот бори дигар ҳокими худкома Лукашенкоро пирӯз эълон кард, вале мухолифон гуфтанд, дар маъракаи сиёсӣ тақаллуб шудааст.

Норозиён аз Лукашенко хостанд, истеъфо диҳад, то интихоботи нави президентӣ баргузор шавад. Ӯ аз соли 1994 дар сари қудрат аст.

XS
SM
MD
LG