Ссылки доступа

Қирғизистон аз Туркия даъват кард, Орхан Инандиро баргардонад


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба сафири Туркия дар ин кишвар Аҳмад Содиқ Доган "дар робита ба аз сӯи Туркия анҷом додани амалиёти боздошту истирдод"-и шаҳрванди Қирғизистон Орхан Инандӣ ба Туркия, нота дод.

Дар нота омадааст, ҷониби Қирғизистон ба рафторе, ки усул ва меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналхалқиро вайрон вайрон мекунад, иҷозат намедиҳад.

"Ҷониби Қирғизистон аз Туркия даъват кард, ки Орхан Инандиро ба Қирғизистон баргардонад", - хабар дод вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Аҳмад Доган дар навбати худ гуфтааст, ки Орхан Инандӣ шаҳрванди Туркия аст ва қатъиян шаҳриванди Туркия ҳисобида мешавад. Сафир гуфтааст, ки ҷониби Туркия дар бораи анҷом додани амалиёте дар Қирғизистон изҳороте надодааст.

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия гуфт, Орхан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст. Дар ин бора Эрдуғон рӯзи 5 июл хабар дод.

Ба гуфтаи вай, амалиёти ба Туркия овардани Инандиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орхан Инандӣ "мудири ФЕТО (созмони марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳони турк, ки дар ИМА зиндагӣ дорад) дар Осиёи Марказӣ" ном бурд. "Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", - гуфт Эрдуғон.

Вай илова кард, ки то кунун бештар аз 100 кас аз кишварҳои дигар ба Туркия истирдод шудааст.

Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

XS
SM
MD
LG