Ссылки доступа

Марказҳои COVID-19 дар Узбекистон аз беморон пур шудаанд


Расонаҳои Узбекистон хабар медиҳанд, ки яке аз ду бемористони махсуси гирифторони вабои коронавирус дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканди Узбекистон аз беморон пур шудааст.

Олимҷон Исҳоқов, муовини мудири бемористони №1 гуфт, муассисаи мазкур, ки барои қабули 2 ҳазор бемор зарфият дорад, имрӯзҳо 2550 гирифтори вабои коронавирусро қабул кардааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки дар бемористони мазкур чи гуна дар утоқҳои барои 4 бемор пешбинишуда 6-8 гирифтори вабои коронавирус хоб аст.

Дар ҳамин ҳол Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, раиси шаҳри Тошканди Узбекистон дастур додааст, ки чаҳор маркази ковиди Тошканд дубора фаъол шаванд.

Нурмат Отабеков, як масъули вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон рӯзи 6 июл гуфт, ки вазъи паҳншавии вабои коронавирус дар он кишвар дар ҳоли бадшавӣ аст ва дар ин робита комисияи вижаи мубориза бо коронавирус дар Узбекистон тасмим гирифт, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кунад.

Отабеков гуфт, дар Узбекистон дар ду ҳафтаи охир ҳамарӯза 3-4 кас аз коронавирус мефавтад.

XS
SM
MD
LG