Ссылки доступа

Ду фаъоли ҳизби сабтиномнашудаи демократиро дар Қазоқистон 10-рӯзӣ ҳабс карданд


Рӯзи 6 июл додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон ду фаъоли Ҳизби сабтиномнашудаи демократи Қазоқистон - Ирисбек Токтасин ва Даврон Достиёровро 10-рӯзӣ ҳабс кард. Додгоҳ онҳоро дар майдаавбошӣ айбдор кардааст.

Пештар аз ин расонаҳо хабар доданд, ки дасти кам се тан аз тарафдорони гуруҳи ташаббускори таъсисдиҳии Ҳизби демократи Қазоқистон, ки дар шаҳри Алмато чандин соат дар муҳосираи маъмурони пулис қарор доштанд, дастгир шуданд. Ду тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ин бора Инга Имонбой, ҳамсари раҳбари гуруҳи ташаббускор Ҷонболат Мамай ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дод.

"Фаъолон дар муҳосираи пулис беш аз 7 соат қарор доштанд. Неруҳои вижа сарфи назар аз эътирози ҷамъшудаҳо Ирисбек Токтасин, Даурен Достиёров ва марде бо номи Уалихонро иҷборан бо худ бурданд ва ҳоло намедонем, онҳо дар кадом шуъбаи пулис ҳастанд", - гуфт Имонбой.

Ба гуфтаи ӯ, ду фаъоли мадании дигар Абзал Достиёров ва Темиртас Нигматуллоев ҳам, ки дар муҳосира буданд, осеб дидаанд.

Ҷонибдорони ҳизби сабтиномнашудаи демократи Қазоқистон 6 июл дар Алмато дар назди Қасри варзиш ҷамъ шуда, гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Рӯёрӯӣ бо пулис замоне сар зад, ки роҳбари гуруҳ Жанболат Мамай аз ҷамъшудаҳо даъват кард, дар ивази гирдиҳамоӣ роҳпаймоӣ кунанд.

Пулис ҷамъшудаҳоро дар муҳосира гирифта, иҷозаи ҳаракат намедиҳад.

То соати 13-и рӯзи 6 июл наздики 100 кас дар муҳосира боқӣ монда буд.

XS
SM
MD
LG