Ссылки доступа

Лавров гуфт, "Русия аз муттаҳидони худ дар баробари хатарҳо аз Афғонистон ҳимоят мекунад"


Русия мегӯяд, омодааст, дар сурати ниёз барои амнияти муттаҳидони худ дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) аз пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон истифода кунад.

Ин матлабро Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи 7-уми июл ҳангоми нишасти матбуотӣ дар пойтахти Лаос баён дошт.

Ба гузориши хабаргузории русии "Интерфакс", Сергей Лавров дар ин нишасти хабарӣ аз эҳтимоли бадтар шудани вазъ дар Афғонистон дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва пешравии Толибон дар манотиқи гуногуни он кишвар ҳушдор додааст.

Вазири корҳои хориҷии Русия аз ҷумла гуфтааст, "мо аз наздик ончиро, ки дар Афғонистон мегузарад, зери назар дорем. Вазъияте, ки эҳтимоли бадтар шудани босуръати он дар пайи хуруҷи саросемавори нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО вуҷуд дорад".

Ба навиштаи "Интерфакс", Сергей Лавров дар идома гуфтааст, "мо ҳар коре битавонем анҷом медиҳем, аз ҷумла истифода аз пойгоҳи низомии Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, то монеи ҳар гуна ангезаи ҳамла алайҳи муттаҳидони худ шавем".

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи нашрияи русии "Известия", сардори Ситоди муттаҳидаи ОДКБ, Анатолий Сидоров, барои арзёбии вазъияти сарҳад бо Афғонистон бо як гурӯҳи корӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Сидоров гуфтааст, ки "ҳадафи асосии гурӯҳи корӣ мониторигнги вазъият дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон ва таҳияи пешниҳодҳо барои андешидани чораҳои муштарак дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мебошад".

Тайи рӯзҳои охир вазъи амниятӣ дар шимоли Афғонистон бадтар шуд ва ҷангҷӯёни Толибон аксар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд.

Дар пайи он, садҳо низомии афғон ба тарафи Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми июл дастур дод, ки 20 ҳазор низомии эҳтиётиро ба марз сафарбар кунанд.

Охири ҳафтаи гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва низ президентҳои Узбекистону Қазоқистон телефонӣ суҳбат кард. Дар ин суҳбатҳои телефонӣ, раҳбарони ин кишварҳо "якбора бад шудани вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон"-ро муҳокима кардаанд.

XS
SM
MD
LG