Ссылки доступа

"Талабҳо қисман қонеъ шуданд". Коргарони "КЕЗБИ" дар Қазоқистон корпартоиро қатъ карданд (видео)


Рабочие предприятия «КЕЗБИ» во время забастовки
Рабочие предприятия «КЕЗБИ» во время забастовки

Коргарони ширкати нафткаши "КЕЗБИ" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон баъди як ҳафта ба корпартоияшон хотима бахшиданд. Онҳо гуфтанд, талабҳояшон қисман қонеъ карда шудааст.

Корпартоии коргарон рӯзи 30 июн шуруъ ва 6 июл хатм шуд.

Шоми 30 июн гуфтугӯи онҳо бо ҷониби корфармо бенатиҷа анҷом ёфта буд.

Дар ин корпартоӣ ҳудуди 600 корманди "КЕЗБИ" ширкат доштанд.

Яке аз эътирозгарон Нурсултон Нуримов гуфт, "21 июн шаҳрдорӣ, нозироти меҳнат ва корфарморо аз тасмими корпартоӣ огаҳ карда будем, вале ҳеч посухе нагирифтем. Ҳамин тариқ 30 июн мо корро пурра қатъ кардем".

Кормандони "КЕЗБИ" аз ҷумла талаб доштанд, ки маошашон баланд ва барои кор дар рӯзҳои ид пули иловагӣ пардохт шавад.

Дар гуфтугӯҳо бо комисияи махсуси муташаккил аз намояндагони корфармо, шаҳрдорӣ, вазорати меҳнат, раёсати пулис ва муовини раиси вилояти Мангистау аз ҷониби кормандони норозӣ чорнафар Азамат Жапаров, Жолмурат Уликпанов, Баймурат Ажекенов ва Сабит Молдабеков иштирок доштанд.

Кормандон ҳамчунин аз корфармо талаб доранд, ки ба кори иттифоқи касабаи таъсисдодаи онҳо дахолат накунад. ​Кормандони "КЕЗБИ" 25 июли соли 2019 иттифоқи касабаеро таъсис дода буданд.

"КЕЗБИ" соли 1992 таъсис ёфта, дар таъмири чоҳҳои нафт ба ширкатҳои вилояти Мангистау хидмат мерасонад.

Забастовка в Жанаозене: второй день рабочие отказываются выходить на смену
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:50 0:00

XS
SM
MD
LG