Ссылки доступа

Хадамоти амнияти Мирзиёев ӯро аз "иттилои бадномакунанда" низ ҳимоят мекунад


Дар Узбекистон аз ин нигаронанд, ки қонуни нав дар бораи Хадамоти давлатии амнияти президент озодии баёнро дар ин кишвар маҳдуд мекунад.

Қонуне, ки рӯзи 6 июл аз сӯи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев имзо шуд, ба Хадамоти давлатии амнияти президент бештар аз 40 номгӯи ваколат медиҳад. Ба вижа хадамоти амнияти президент ҳамакнун ваколат дорад, ки иттилои бадномакунандаи президентро пайдо ва аз он пешгирӣ кунад.

Тоҳир Собиров, блогнависи узбекистонӣ мегӯяд, қонуни мазкур бидуни шубҳа ба озодии баён ва дигарандешӣ хатар эҷод мекунад.

"Акнун танқидро ҳам метавонанд, ҳамчун бадномсозии президент баҳо диҳанд", - гуфт вай.

Камолиддин Раббимов, сиёсатшиноси узбекистонии муқими Фаронса низ бо ин фикр розӣ аст.

"Бояд байни танқид ва таҳқир фарқияти бармало мавҷуд бошад. Дар ҳама гуна ҷомеаҳо танқид, дидгоҳи танқидӣ, дигарандешӣ озодии баён дониста мешавад", - гуфт вай.

Хадамоти давлатии амнияти президент дар Узбекистон моҳи феврали соли 2018 таъсис шудааст. Ин хадамот бевосита ба президент итоат ва ба вай ҳисобот медиҳад.

XS
SM
MD
LG