Ссылки доступа

Мушкили сабзӣ дар Осиёи Марказӣ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Тоҷикистон сарбозони фирории афғонро ба ватанашон интиқол дод.(видео)

- Мушкили сабзӣ дар Осиёи Марказӣ. Дар бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ нархи хӯрокворӣ якбора боло рафт. Бино ба иттилои Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милал (FAO), ин баландтарин болоравии нарх дар 10 соли охир буда, арзиши маҳсулоти хӯрокӣ дар муқоиса бо як сол пеш 40 дарсад гарон шудааст (видео)

- Чаро баъзе аз тоҷикон аз ваксина гирифтан меҳаросанд? Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз кишвару созмонҳои хориҷӣ дарёфти ваксинаи бештарро дархост кардаанд, бархурди сокинон ба он яксон нест. Гурӯҳе ваксинаро ягона роҳи раҳоӣ аз чанголи бемории коронавирус медонанд, иддае дигар ҳанӯз дудилаанд, ки худро эм кунанд ё не (гулчин)

​- Фаъолон хостори таҳқиқи "қазияи таҷовуз ва қатли Руфейдаи 8-сола" шуданд.​ Пас аз таҷовуз ва қатли Руфейдаи 8 сола фаъолон аз Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ хостанд, ҷазо барои барафторӣ нисбати кӯдаконро сахтар кунад. ​(видео)

- Зиндагӣ дар Ворух. Қисми аввал.​ Бо гузашти ду моҳ аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, зиндагии мардуми рустоҳои наздимарзӣ дар ҳарду тараф ба маҷрои пешинааш бармегардад. Хабарнигори Радиои Озодӣ чанде пеш ба Ворух яке аз ҷамоатҳои Тоҷикистон рафт ва бо сокинони он дар бораи зиндагӣ дар марз филмеро ба навор гирифт. ​(видео)​

Зиндагӣ дар Ворух. Қисми дувум.​ Бо гузашти ду моҳ аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, зиндагии мардуми рустоҳои наздимарзӣ дар ҳарду тараф ба маҷрои пешинааш бармегардад. Хабарнигори Радиои Озодӣ чанде пеш ба Ворух яке аз ҷамоатҳои Тоҷикистон рафт ва бо сокинони он дар бораи зиндагӣ дар марз филмеро ба навор гирифт. ​(видео)​

- Тарҳҳои Эрдӯғон ва вайронгарӣ дар табиати Туркия. Дар Туркия як тарҳи азими иқтисодӣ, хоби сокинони як гӯшаи зебои ин кишварро аз чашмашон рабудааст. Истихроҷи санг дар вилояти Ризе, ки раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон онҷо ба дунё омадааст, хашми мардумро барангехтааст. (видео)

- Кӣ ва кай кӯдакистони деҳаи "Офтоблиқо"-ро обод мекунад. Кӯдакони деҳаи Офтоблиқои канори шаҳри Кӯлоб ба боғча намераванд. Ин деҳа ба фарқ аз дигар рустоҳои Тоҷикистон боғчаи бачагон дорад, аммо бинояш пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми вайрон шудаву аз кор мондааст. (видео)

- Кор дар муассисаи коркарди намак аз пахтачинӣ беҳтар будааст (видео)

- Бародари рӯҳонии тоҷикро раҳо карданд, худашро не (видео)

- Тақсими мероси падарӣ аҳли олиларо аз ҳам ҷудо кард. (видео)

- Оё зиёрати мазор ба нияти шифо дуруст аст? Дар Афғонистон теъдоди онҳое, ки барои талаби шифо аз беморие ба ягон зиёратгоҳ мераванд, зиёд аст, ҳарчанд баҳс дар байни уламои исломӣ дар бораи дурустии ин кор кам намешавад. (видео)

- "Дар ҳалқаи дарё, вале ташналабем" (видео)

- Мақомоти Амрико асрори табақҳои парронро ошкор мекунад? Вазорати дифо, Хадамоти Таҳқиқоти Федеролӣ ва дигар ниҳодҳои амниятӣ ва ҷосусии Амрико дар бораи табақҳои паррон чӣ медонанд? Ҳамин ҳафта гузорише дар ин бора дар Амрико нашр мешавад. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG