Ссылки доступа

Дар Туркманистон эмшавӣ зидди COVID-19 ҳатмӣ шуд


Эмшавии сокинони аз 18-сола болои Туркманистон зидди коронавируси нав ё COVID-19 ҳатмӣ шуд. Дар ин бора расонаҳои расмии он кишвар 8 июл хабар доданд.

Туркманистон яке аз кишварҳое аст, ки дар он расман ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Дар хабарҳои расмӣ гуфта нашудааст, ки туркманистониҳоро бо кадом ваксина зидди коронавирус эм мекунанд. Вале президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 27 июни соли равон фармон дар бораи хариди 1,5 миллион моя ваксинаи чинии "Синофарм"-ро имзо карда буд.

Мақомоти Туркманистон моҳи январи соли равон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, ваксинаи русии "Спутник V" ва "ЭпиВакКорона"-ро ба қайд гирифта буданд. Аммо мақомоти рус мегӯянд, ин ду феълан ҳатто барои бозори дохилиашон намерасанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон ҳам эмшавии сокинонро ҳатмӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG