Ссылки доступа

"Қуттии сиёҳ"-и ҳавопаймои Ан-26 дар Камчатка пайдо шуд


На месте авиакатастрофы Ан-26 на Камчатке, 7 июля 2021 года

Наҷотдиҳандагони Камчатка дар наздикии шаҳраки Паланаи ин минтақа яке аз "қуттиҳои сиёҳ"-и ҳавопаймои мусофирбари Ан-26-ро пайдо карданд.

Манбаи Хабаргузории "Интерфакс" дар маъмурияти Палана хабар дод, ки дар рафти санҷишҳои аввалия осеб дидани "қуттии сиёҳ"-и ҳавопаймо мушоҳида карда нашуд.

Иртибот бо ҳавопаймои Ан-26, ки аз Петропавловск парвоз карда буд, субҳи 6-уми июл ҳангоми фурудоӣ дар шаҳраки Палана, маркази маъмурии ҳавзаи Корякский қатъ гашт.

Дар натиҷаи суқути ин ҳавопаймо 28 кас, 22 мусофир ва 6 узви экипаж ҷон бохт.

Камбудии техникӣ ё фаннӣ ва хатои халабонҳо ҳамчун фарзияҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймо гуфта мешавад.

Алексей Храбров, мудири ширкати ҳавопаймоии Камчатка, ки Ан-26-и истеҳсоли соли 1982 ба он тааллуқ дорад, ба "Интерфакс" гуфта буд, ҳавопаймо пеш аз парвоз ҳеч гуна нуқси техникӣ надошт.

XS
SM
MD
LG