Ссылки доступа

Таҳқиқи таҷовузи хонандаи 7-сола дар яке аз мактабҳои Қазоқистон


Пулиси Оқтеппаи Қазоқистон таҷовуз шудани як хонандаи 7-сола дар мактабро таҳқиқ дорад. Мудири мактаб ва муовини ӯ оид ба тарбия барканор шудаанд.

"Муфаттишон натиҷаи ташхиси судӣ-тиббиро мунтазир ҳастанд. Агар он исбот кунад, ки таҷовуз шудааст, зидди мудири мактаб чораи дигар андешида хоҳад шуд", - гуфт мудири маорифи вилояти Оқтеппа Жолдас Батирхон.

Ба гуфтаи Батирхон, охирҳои моҳи марти соли равон модарбузурге ба раҳбарияти мактаб шикоят карда, гуфтааст, ки набераи ӯро "ғам медиҳанд". Ӯ ду рӯз баъд ба пулис муроҷиат карда, аз таҷовуз шудани наберааш дар мактаб шикоят кардааст.

Дар ҳоли ҳозир раиси кумитаи ҳимоят аз кудакон дар назди Вазорати маорифи Қазоқистон Есенгазӣ Имангалиев дар Оқтеппа қарор дорад.

"Идораи маорифи Оқтеппа ба таври лозим ба шикояти наздикони хонанда таваҷҷуҳ накардааст ва аз рух додани ҳодиса низ ба вазорат хабар надод. Идораи маориф вазифадор аст, ки аз вазъи ҳар як кудак дар мактаб огаҳ бошад", - афзуд ӯ.

Пулис дар робита ба ҳодисаи мазкур бо банди "Таҷовуз" парванда боз карда, бо кудак равоншиноси мустақил кор мекунад.

XS
SM
MD
LG