Ссылки доступа

Дар Гурҷистон рӯзноманигорон истеъфои сарвазирро талаб доранд


В центре Тбилиси протестующие трубуют расследования гомофобных избиений и наказания виновных. 11 июля 2021

Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон рӯзи якшанбе сокинон дар робита ба марги наворбардори телевизион, Лексо Лашкарави 37-сола гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил карданд.

Лашкарав дар бетартибиҳои рӯзи 5 июл шадидан латукӯб шуда буд. Он рӯз дар шаҳри Тифлис мебоист, роҳпаймоии ҳамҷинсгароён баргузор мешуд, вале мухолифони ҳамҷинсгароён монеи баргузории роҳпаймоӣ шуданд.

Дирӯз чанд ҳазор иштирокчии гирдиҳамоӣ дар маркази шаҳри Тифлис талаб карданд, ки то субҳи 12 июл ҳукумати Гурҷистон истеъфо диҳад.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Гурҷистон Карл Хартсел дар робита ба марги Лексо Лашкарав изҳорот нашр кард. Вай гуфт, Иттиҳоди Аврупо мунтазири таҳқиқи сабабҳои марги Лашкарав аст.

Сафорати ИМА дар Гурҷистон низ ба ҳабси омилони ҳамла ба сокинони осоишта даъват кард.

Рӯзи 5-уми июл ақаллиётҳои ҷинсӣ дар Гурҷистон раҳпаймоӣ карданд, вале гурӯҳе, ки мухолифи ақидаи онҳост, бо онҳо занозанӣ кардаанд.

Лашкарав, ки ин раҳпаймоиро сабт мекард, дар ин занозанӣ осеби мағзӣ дида, чанд усутхонаш шикаста буд. Дар ин ҳодиса 50 тан аз журналистон латукуб шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон гуфт, ки нисбат ба чанд тан аз ҳамлагарон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Қабл аз эълони раҳпаймоӣ бисёриҳо дар Гурҷистон муқобили он садо баланд карда буданд.

XS
SM
MD
LG