Ссылки доступа

Пулиси Узбекистон эътирози мардеро, ки худро бо алмос бурид, шарҳ дод


Раёсати пулиси вилояти Сурхандарёи Узбекистон видеоеро шарҳ дод, ки нишон медиҳад, марде дар эътироз ба амали кормандони ҳифзи ҳуқуқ бадани худро бо алмос мебурад.

Ба иттилои раёсат, ҳодиса 26 апрели соли равон рух дода, марде, ки дар навор дида мешавад, М.А., сокини 40-солаи маҳаллист. Ӯ 5 бор барои дуздӣ дар Узбекистон ва як бор барои авбошӣ дар Русия суд шудааст.

Кормандони пулиси Сурхандарё гуфтанд, гӯиё М.А. он рӯз дар ҳолати мастӣ бадани худро буридааст. Дар натиҷа ба вай кумаки аввалияи тиббӣ расонида ва аз ҳодиса ба додситонӣ хабар дода шудааст.

"Шаҳрванд М.А. баъди ба худ омадан гуфт, ки аз кардааш сахт пушаймон аст. Дар ҳолати мастӣ худро идора карда натавонистааст", - афзуд раёсат.

XS
SM
MD
LG