Ссылки доступа

Сокинони беоби шаҳри Алмато бо нишони эътироз роҳи мошингардро бастанд


Шаби 12 июл наздик 100 тан аз сокинони шаҳри Алматои Қазоқистон бо нишони эътироз аз набуди об дар манзилҳояшон роҳи мошингардеро бастанд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, лаҳзаи бастани роҳ аз сӯи сокинон ва ҷамъшавии мошинҳо сабт шудааст.

Бархе аз сокинон гуфтанд, минтақаи Бесагаши шаҳри Алмато, ки сокинонаш роҳбандӣ карданд, соли аввал нест, ки мушкили беобӣ дорад.

Мақомоти шаҳр назди эътирозгарон ҳозир шуданд. Наздики нисфишабӣ ба сокинон бо мошини обкаш об тақсим карданд.

Ба иттилои пулис, сокинон баъдтар роҳро боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG