Ссылки доступа

Дар Қирғизистон 847 нуқтаи воксинзанӣ кушоданд


Ҳукумати Қирғизистон эълом кард, ки дар ин кишвар воксинзании сартосарӣ зидди коронавирус шуруъ шудааст.

Баъди дарёфти воксини чинӣ дар сартосари Қирғизистон 847 нуқтаи воксинзанӣ таъсис шудааст. Қирғизистониҳо ҳамакнун на танҳо дар беморхонаҳо, балки дар муассисаҳои давлатӣ, мактабҳо, марказҳои тиҷорӣ ва бозорҳо метавонанд воксин бигиранд.

Дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш, Чолпон-Ота ва Қаракӯл нуқтаҳои воксинзанӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ба ҳукуматаш дастур додааст, ки суръати воксинзаниро афзояд.

Рӯзи 11 июл Қирғизистон аз Чин 1 милллиону 250 ҳазор вояи воксини Sinopharm дастрас кард. Мақомоти он кишвар гуфтанд, то охири моҳи июл ҳамин миқдори дигар аз Чин воксин мегиранд.

Воксинзанӣ дар Қирғизистон 29 марти соли ҷорӣ шуруъ шуд.

То 11 июл дар он кишвар ҳамагӣ 129 ҳазору 179 кас воксин гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG