Ссылки доступа

Русия дипломатҳояшро аз Мазори Шариф ба Узбекистон бурд


Дипломатҳои консулгарии генералии Русия дар Мазори Шарифи Афғонистон, ки муваққатан дар шаҳри Ҳайратон кор мекарданд, ба Узбекистон интиқол дода шуданд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба намояндаи Вазорати умури хориҷии Узбекистон Юсуп Кабулҷонов хабар додааст.

Сафири Русия дар шаҳри Кобул Дмитрий Жирнов иттилоъ додааст, ки фаъолияти консулгарии генералии кишвараш дар Мазори Шариф то "ба эътидол омадани вазъ" баста хоҳад монд. Зеро ба гуфтаи ӯ, вазъ дар худи шаҳру атрофи он ноором аст.

Мазори Шариф чаҳорумин шаҳри бузурги Афғонистон аст, ки дар шимоли вилояти Балх, дар 58-километрии шаҳри Тирмизи Узбекистон ҷойгир мебошад

Ҳамлаҳои Толибон дар Афғонистон дар пайи оғози бурунрафти неруҳои ИМА ва кишварҳои дигари НАТО пурзӯр шуданд. Эътилофи ғарбӣ тасмим дорад, ки то миёнаҳои моҳи сентябри соли равон неруҳои худро пурра аз Афғонистон берун барад.

Ба иттилои ҳукумати Афғонистон, дар натиҷаи задухурдҳои мусаллаҳонаи неруҳои ин кишвар бо Толибон беш аз 2 миллион одам гуреза шудааст.

XS
SM
MD
LG