Ссылки доступа

Занозанӣ бо талаби истеъфо ҷаласаи порлумони Гурҷистонро баҳам зад


Пас аз ворид шудани рӯзноманигорони мухолиф ба бинои порлумони Гурҷистон ва сар задани занозанӣ миёни аъзои ҳизби ҳокими «Орзуи Гурҷистон» ва аҳзоби мухолиф, иҷлосияи парлумони Гурҷистон вайрон шуд.

Моҷаро замоне рух дод, ки муҳлати барои истеъфои сарвазир Ираклий Ғарибашвилӣ ва ҳукумати ӯ таъйинкардаи эътирозгарон дар нисфирӯзии 12 июл ба поён расид.

Талаби истеъфои ҳукумат ва сарвазир бар пояи марги як наворбардори шабакаи телевизионӣ садо дод, ки ҳафтаи гузашта ҳангоми бозтоби раҳпаймоии “Ифтихор”-и ҳомиёни ҳамчинсгароӣ дар Тифлис шадидан латукӯб шуд.
Дар авҷи занозанӣ вакилони мухолиф Тинатин Бокучава, Хатуна Самнидзе ва Анна Натсвлшвилӣ ҳамроҳ бо як фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар Елена Хоштария парчамҳои Гурҷистон ва Иттиҳоди Аврупоро ба минбар гузошта, истеъфои ҳукуматро талаб карданд.

Баъди зиёда аз як соат, вақте ки маъмурони амниятӣ тавонистанд рӯзноманигорон ва вакилони мухолифро аз бино берун кунанд, иҷлосия идома ёфт. Як рӯз пеш аз ин ҳазорон нафар дар назди бинои порлумон бо эътироз аз ҳамла ва латукӯби бераҳмонаи тазоҳургарон аз тарафи мухолифони ҳамҷинсгароӣ дар пойтахти Гурҷистон раҳпаймоӣ карданд. Ин тазоҳурот замоне сар зад, ки ҷасади наворбардори телевизиони Пирвелӣ Лексо Лашкараваро дар хонааш пайдо карданд. Шаш рӯз пеш ӯ аз тарафи мухолифони ЛГБТ ё ҳамҷинсгаройн шадидан латукӯб шуда буд. Эътирозгарон гуфта буданд, агар сарвазир Ғарибашвилӣ талаби онҳоро ба ҷо наорад, 12 июл аз нав даст ба тазоҳурот хоҳанд зад.

XS
SM
MD
LG